Таҳти раёсати Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир гардид

Июль 23, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ҷаласаи Ситоди ҷумуриявӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ду масъала-натиҷагирии иҷрои Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, дар давраи муайяншуда ба ВМКБ,  вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом доданд. Онҳо рафти иҷрои қарори мазкур ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, алалхусус дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои барқиро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Дар баробари ин як қатор камбудиҳо дар самти омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ошкор шуданд, ки дар давраи омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 бояд ислоҳ гарданд.

То 1 марти соли равон 2310 бинову иншоот дар шаҳри Душанбе бо энергияи гармӣ таъмин гардидаанд, ки 106,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 аз 10 октябри соли 2019 корҳои бакорандозӣ оғоз гардида, то 1 марти соли 2020 197864 ҳаз.кВт.с неруи барқ ва 343701 Гкал неруи гармӣ истеҳсол карда шуд. Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аз 17 октябри соли 2019 ба кор дароварда шуда, то 1 марти соли 2020 дар он 966772 ҳаз.кВт.с неруи барқ ва 309028 Гкал неруи гармӣ истеҳсол гардидааст.

Дегхонаи “Ғарбӣ” 31 октябри соли 2019 ба кор дароварда шуда, то 1 марти соли 2020 ба миқдори 100289 Гкал неруи гармӣ истеҳсол намудааст.

Дегхонаи “Шарқӣ” 1 ноябри соли 2019 ба кор дароварда шуда, то 1 марти соли 2020 ба миқдори 33922 Гкал неруи гармӣ истеҳсол кардааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2019 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ барои солиму беталаф баровардани чорво аз давраи зимистони солҳои 2019 — 2020, 2160610 тонна хӯроки дурушт, 130112 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хӯроки дурушт 305323 тонна, хӯроки ширадор 13332 тонна зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 ноябри соли 2019 дар муассисаҳои роҳдории ҷумҳурӣ маводи зиддилағжиш 46769 м3, ангиштсанг 228,7 тонна, ҳезум 441,5 м3 ва сӯзишворӣ 177000 литр захира гардида, нақшаҳои пешбинишуда 100 фоиз иҷро шуд. Техникаву механизмҳои роҳнигоҳдорӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳамаи муассисаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард” дар умум 542 адад омода гардидаанд.

Қарори навбатии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ба тасвиб расида, айни замон мавриди амал қарор дорад.

Таҳлили рафти иҷрои ин қарор нишон дод, ки дар муҳлати муқарраргардида аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.

Айни замон марҳилаи иҷрои нақшаи захираи омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар маводи асосии сӯхт, омодагӣ ба таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон оғоз гардидаанд.

Дар давраи тирамоҳу зимистони соли равон бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ, зиёд кардани истеҳсоли гармӣ ва расонидани иқтидори он то 500 Гкал/соат дар  шабакаҳои пойтахт ба нақша гирифта шуда, иловатан зиёда аз 200 иншооти иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд.

Зимни ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ситод Азим Иброҳим ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҷиҳати захираи маводи асосии ғизоӣ, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ барои фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати истеҳсол ва захира намудани меъёри зарурии ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳо барои беҳдошти шахсӣ (антисептик), маводи доруворӣ, ба Вазорати нақлиёт оид ба захираи маводи зарурии зиддилағжиш,  ба Вазорати энергетика ва захираҳои об оид ба самаранок истифодаи неруи барқ ва кам намудани талафоти он, захира намудани ангишт ва ба дигар мақомоти дахлдор доир ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Июль 23, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд