Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 21, 2020 15:56

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии Шӯрои амнияти мамлакат қарор дода шуд.

Бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар ин минтақа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шавад.

Ҳамчунин Сарвари давлат дастур доданд, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таваҷҷуҳи махсус равона созанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми мамлакат, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.07.2020

Июль 21, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд