Тавсияҳои СУТ дар мавриди таҷлили Иди Қурбон ва гирифтор нашудан ба COVID -19

Июль 30, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 30.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни мусалмонии Иди Қурбон Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) даъват мекунад, ки бо дарназардошти пандемияи COVID-19 тадбирҳои қатъии эҳтиётӣ андешида шаванд, хусусан бояд ба инобат гирифта шавад, ки одамон, маъмулан дар масҷидҳо ва хонаҳо ҷамъ мешаванд ва унсури калидии ҷашнгирӣ — қурбонӣ намудани ҳайвоноти хонагӣ ва тақсимоти гӯшти он ба камбизоатон мебошад -, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти ахбори СММ.

СУТ хотиррасон мекунад, ки вируси COVID-19 асосан аз одам ба одам тавассути оби даҳон ва заррачаҳои хурдтарин ҳангоми сулфидан, атса задан, суҳбат намудан ва ё сурудхонӣ мегузарад. Сироят инчунин метавонад дар ҳолате рух диҳад, ки шахс ба ягон ҷои сироятшуда даст мерасонад ва дастҳояшро нашуста ё дезинфексия накарда, ба чашм, бинӣ ё даҳони худ мерасонад. Ҳамзамон ҳодисаҳои интиқоли COVID-19 аз одам ба ҳайвон низ мушоҳида шудаанд. Далелҳое вуҷуд доранд, ки одамон метавонанд гурбаҳо, сагҳо ва вашақро (норка), ки барои фурӯш парвариш мешаванд, сироят кунанд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки ин вирус зери унвони илмии SARS-CoV-2 оё қодир аст аз ҳайвонҳои сироятёфта боз ба одам баргардад. Ба ҳар ҳол, набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои зоонозии ҳайвонот (гурӯҳи бемориҳои сироятӣ — паразитӣ) боиси хуруҷи бемориҳо дар байни одамон мешаванд.

Баъзе кишварҳо аллакай барои маҳдуд сохтани тамосҳои ҷисмонӣ байни одамон тадбирҳо андешидаанд, — хабар медиҳад СУТ. Аз ҷумла, бастани масҷидҳо, назорат дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон ва маҳдудиятҳои дигар дар мавриди гашту гузор ва ҷаласаҳо. «Ин чораҳо механизми заминавии назорати паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хусусан уфунати роҳҳои нафас мебошанд, ки ба ҷамъшавии шумораи зиёди одамон вобаста мебошанд», — омадааст дар санади СУТ. — Дар ҷое ки вирусро зери назорат гирифтан мумкин аст, ин чораҳо тадриҷан сабук карда мешаванд, аммо дар баъзе ҳолатҳо афзоиши сироятёбӣ мушоҳида мешавад». Масалан, дар кишварҳои шарқи Баҳри Миёназамин ҳангоми таҷлили Иди Рамазон сатҳи сироятёбӣ баланд шуд. Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба боздиди хешовандону наздикон, гузоридани намози дастаҷамъона ва дигар чорабиниҳои оммавӣ вобаста буданд.

Муоширати иҷтимоӣ, маросими динӣ ва расму оинҳо, аз ҷумла забҳи ҳайвонот моҳияти ҷашни Иди Қурбон мебошанд. Аз ин рӯ, СУТ муҳимияти андешидани тадбирҳоро дар тамоми сатҳҳо барои пешгирӣ ё кам кардани тавсеаи уфунат таъкид мекунад.

Аз ҷумла, СУТ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

— аз пайвастан ба издиҳоми одамон худдорӣ кунед, гигиенаи дастҳо ва воситаҳоеро, ки ба онҳо даст мерасонед, риоя намоед;
— маросими қурбониро дар шароити хона анҷом надиҳед;
— як узви оилаи худро мутасаддии гузаронидани расму оин таъйин кунед;
— ҳайвонҳоеро, ки эҳтимолан беморанд, қурбонӣ накунед;
— ҳайвонотро барои қурбонӣ аз фурӯшандагони боваринок харид намоед;
— ҳангоми додани зиёфат ба камбизоатон фосилаи заруриро риоя намоед;
— агар имкон бошад, маросими қурбониро ба таври мутамарказ анҷом диҳед.

СУТ инчунин пешниҳод мекунад, ки сари масъалаи манъ намудани маросими ҷамъиятӣ ва динӣ ҷиддӣ фикр карда шавад ва тавсия медиҳад, ки қарорҳои вобаста ба манъ, ба вақти дигар гузаронидан, маҳдуд ё тағйир додани онҳо бо дарназардошти таҳдиди хатарҳо қабул карда шаванд. Ин хатарҳо ба вазъи эпидемиологӣ, мавҷудияти захираҳо ва имконоти мубориза бо хуруҷи эҳтимолии беморӣ вобаста мебошанд.

ДАР АКС: СУТ даъват мекунад, ки тамоми тадбирҳои имконпазири эҳтиётӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хуруҷи COVID-19 ҳангоми таҷлили Иди Қурбон андешида шаванд. Акси БРСММ /А.Загут

Июль 30, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид