«Ҳумои сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Ҳазён ё талвосаи ҳасуду хоинони ватанфурӯш», «Яроқи биологӣ ва ҷанги идеологӣ»,…- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон ва сипаришуда

Июль 3, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 03.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз шабеҳи мавҷудияти ягонаест, ки ба қавли Шайх Саъдӣ аз дарди узве дигар узвҳо қарор аз даст медиҳанд. Мушкилоти бемории сироятии COVID-19 собит сохт, ки дар ин айёми ҳассос тамоми кишварҳо дар мубориза бо он муттаҳид шуда, дасти ҳамдигар мегиранд, худ дар вазъияти душвор бошанд ҳам, ёрӣ ба дигар кишварҳоро воҷиб мешуморанд. Чунки бани Одаманд», — бо чунин матлаби хабарнигори нашрия мавод зери унвони  «ҲАЗЁН ё талвосаи ҳасуду хоинони ватанфурӯш»  оғоз гардидааст шумораи навбатии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (нашри 1 июл, №120, 23 975).

Дар ҳамин шумораи рӯзнома доир ба бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръат маводҳои таҳлили нашр гардидааст. Инчунин аз фаъолияти як қатор корхонаҳои истеҳолии қолинбофӣ, дӯзандагӣ, мебелсозӣ ва ғайра  ҷой дода шудааст.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» (нашри 30 июн, №119  23 974) матни пурраи Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешниҳоди хонанда гардидааст.

«Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат, хусусан ба хотири истиқболи арзандаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон-сисолагии Истиқлоли давлатӣ, содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон, имрӯз саҳми ватандӯстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад», — омадааст дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати 23-солагии Рӯзи Ваҳтаи миллӣ.

Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» гузориш аз сафари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд маводҳо ҷой дода шудааст. Дар матлаби дигари ин нашрия хабарнигорони минтақавӣ оид ба корҳои фаҳмондадиҳии алоқаманд дар мубориза бо вируси  COVID-19 дар байни аҳолӣ аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода таҳти унвони «Ниқобат ку? Дар киса» мавод таҳия намудаанд, нашр шудааст. Таъкид мегардад, ки сокинони минтақаҳои болозикр дар риояи талаботҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ то андозае бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки метавонад оқибатҳои ногувореро пеш оварад.

Дар хулосаи ин матлаб омадааст, «Вазъи кунунии бозорҳо ниҳоят нигароникунанда буда, метавонад боиси хуруҷу беморӣ гардад. Ба назар чунин мерасад, ки мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз комёбиҳои зиддивирусӣ воқеан хотирҷамъ гаштанду мардум зуд инро дастак намуд. Вагарна таъмини низоми қатъии ниқобпӯшӣ ҳеҷ мушкили дандоншикан нест. Гузашта аз ин, аз ҷониби вакилони МН МО ҶТ дар Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд, ки барои паҳнкунии бемории хавфнок аз ду то панҷ сол аз озодӣ маҳрум мекунанд. Инчунин тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бениқобгардӣ аз 116 то 190 сомонӣ ҷарима мебанданд».

Матлабҳои шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» (нашри 26 июн, №118  23 973) бо пахши хабар аз маҷлиси навбати Ҳукумати ҶТ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад.

Дар саҳифаҳои дагари ин нашрия доир ба вазъи кунунии бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва ҷаҳон матлабҳо ҷой дода шудааст.

Дар шумораи №117 (23 972)-и нашрия аз 25 июн бошад, дар бораи иштироки Пешвои миллат дар Ҷашни 75-солагии Ғалаба мавод нашр гардидааст.

«Дар паради ҳарбӣ 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода гардида, 24 намунаи муосиртарини техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намояндагони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарби Вазорати мудофиа, аскарону афсарони полки таъминотӣ ва идоракунии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намудаанд..»

Рӯзнома дар ин шумора зери унвони «27 июн Ҷашни пойдории сулҳ ва бедории миллӣ», «Ҳумо сулҳу ваҳдати миллӣ», «Модели тоҷикии сулҳ-намуна ва таҷрибаи нодир барои ҷомеаи ҷаҳонӣ», «Ваҳдати миллӣ — Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайваст», «Соли 1993: Ду рӯз дар Ванҷ ё орзуе, ки ҷомаи амал пӯшид», «Паёми хуршедӣ- Андешаҳо атрофи Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Ҳастии миллат» ва «Истиқрори сулҳ. Аз сухан то амале, ки мардумро ба саодат расонд» бо таҳлил ва факту далелҳои таърихӣ рӯи чоп омадаанд, ки мутолиа онҳо метавонад барои боз хам наздиктар ошно шудани хонанда бо таърихи начандони дури Тоҷикистони соҳибистиқлол, мушкилиҳои расидан ба ин рӯзҳои амну осоишта мусоидат намояд.

Рӯзнома дар чор шумораи ҳафтаи гузаштаи худ садҳо хабару гузориш ва маводи таҳлилиро оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон нашр намуда, ҳамзамон дар рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хонандагони худро бо рӯйдоду воқеаҳои мухталифи олам ошно намудааст.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» шумораи нашри 27 июн №30  4136— ро бо Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз намудааст.

Дар нашри ин шумора дар чор саҳифаи рӯзнома назари вакилони мардумӣ  дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи сайёҳӣ», ки дар Иҷлосияи якуми МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар таҳрири нав қабул гардид, пурра ҷой дода шудааст.

Дар саҳифаҳои дигари ин шумора доир ба 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ маводҳои таҳлили нашр гардидааст. Яке аз инҳо зери унвони «Омилҳои расидан ба сулҳи деринтизор» бо имзои Раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, узви фраксияи ҲХДТ Файзулло Баротзода чоп гардидааст. Дар он аз ҷумла таъкид шудааст: «Дар шахсияти Пешвои миллат се сифати қавианосир барои меъмории сулҳи тоҷикон будан таҷассум гардидааст: 1) ҷасорати ба душ гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ, 2)  эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маҳорати сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 3) эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ  ва неруҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ». Бо мутолиаи ин мавод хонанда доир ба роҳҳои мушкили ба даст овардани Истиқлоли комил ва Ваҳдати миллӣ огоҳии пурра пайдо мекунад.

Инчунин, нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи дигари худ, ки рӯзи сешанбе, 30  июн соли ҷорӣ чоп шудааст, дар саҳифаи аввал оид ба сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд мавод чоп гардидааст.

Ҳамзамон, нашрия маводи дигари расмиеро оид ба баргузории ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир шуд, нашр намудааст, ки муҳтавои он оид  ба Қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва тағийру иловаҳо ба баъзе аз қонунҳои амалкунандаи кишвар ҷонибдорӣ гардидаанд, иборат мебошад.

Хонандагони «Садои мардум» имкон доранд дар шумораҳои ин ҳафтаинаи рӯзнома оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  аз  01 июл27 20257  дар шумораи  навбатии худ оид ба сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд мавод нашр намудааст. Ҳамзамон, дар бораи сафари Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок намудан дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия пешкаши хонандагон намудааст.

Бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаҳои зерин чоп шудаанд:   «Национальное единство – одна из высших ценностей нашего общества» (Паёми табрикотии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ), «Эмомали Рахмон   –  дальновидный политический стратег», «Наука – основа развития общества»  (давомаш)  чоп гардиданд.

Ҳамзамон, бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум мақолаи «Нусратулло Махсум – национальный герой Таджикистана» чоп шудааст, ки фарогири ҳаёту фаъолияти пурсамари ин ходими намоёни сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.

Дар  шумораи навбатӣ як қатор маводҳо дар бораи мубориза бар зидди терроризм, аз ҷумла дар мақолаи «Восемь вопросов и ответов о преступной сущности М.Кабири », «Для «Озоди» информационная война как мать родна» рӯи чоп омадаанд, ки бори дигар симои хабисонаи гурӯҳҳои террористии пинҳоншуда дар ниқоби дин ва алоқамандии онҳоро бо хоҷагони хориҷияшон барои хонанда равшану возеҳ нишон медиҳанд.

Мақолаҳо оиди мубориза бар зидди бемории сироятии  коронавирус — COVID-19 «Наука Таджикистана в борьбе с COVID -19», «Обнаружение  COVID -19  с помощью ультразвукового исследования лёгких»,  «Выявлено 54 новых случая инфицирования COVID -19» ва дастгирӣ намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз тарафи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург «Забота о соотечественниках»,  пешкаши хонандагон гардиданд.

Ҳамчунин дар ин шумора маводҳо  бахшида ба  амният, саноат, сиёсати хориҷӣ, иқтисод, муҳоҷират, таърих, фарҳанг, варзиш, руйдодҳои пойтахт ва  минтақаҳои Тоҷикистон рӯи чоп омадаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи нашри 1 июл, чоршанбе, №27 (1268) матлабҳояшро аз рафти сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд оғоз намудааст.

Ҳамзамон, дар ин шумора Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иштироки Пешвои миллат дар Ҷашни 75-солагии Ғалаба дар ш.Москваи ФР мавод нашр гардидааст.

Дар шумораи навбатии рӯзнома зери унвони «Илм асоси пешрафти ҷомеа» идомаи маводи таҳлилии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки дар ҳошияи баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат аз 18 марти соли 2020 омода шудааст,  чоп гардидааст.

Муаллиф иброз намудааст, ки «Истифодаи оқилона ва илман асосноки табиати бойи Тоҷикистонро қайд намуда, Президенти мамлакат дарҷ намудаанд, ки геология ва минералогия аз ҷумлаи илмҳоеанд, ки рушди онҳоро худи табиати Тоҷикистон тақозо мекунад ва дар ин самт барои таҳқиқот ва кашфиёту навоварӣ заминаҳои мусоид вуҷуд доранд. Соҳибкорони ватанӣ ҳар сол барои ба мамлакат овардани сангҳои табии ороишӣ беш аз 20 миллион доллар сарф мекунанд ва рушди соҳаҳои илми болозикр имконият медиҳад, ки минбаъд истеҳсоли чунин сангҳо дар дохили мамлакат ба роҳ монда шавад…»

Июль 3, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»