Вазорати мудофиаи Россия 8 тонна таҷҳизотро барои мактабҳои россиягӣ дар Тоҷикистон интиқол дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Россия интиқоли тақрибан 8 тонна таҷҳизот ва амволи заруриро барои таъминоти ғизоии хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои россиягӣ дар Тоҷикистон таъмин намуд. Ба иттилои ТАСС, дар ин бора рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ (ОҲМ) хабар додааст.
«Тақрибан 8 тонна таҷҳизот ва амвол ҷиҳати таъмини хӯроки ройгон барои хонандагони синфҳои 1-4 – и мактабҳои Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон оварда шуд», — омадааст дар хабар.
“Зикр шудааст, ки таҷҳизоти мазкур барои ошхонаҳои мактабҳои №4 ва №6, воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар таъйин шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуот, низомиёни Россия зарфҳои ошхона, плитаҳои барқӣ, дегҳо, товаҳо, яхдонҳо, инчунин пароконвектоматҳо — таҷҳизоти касбии гармкунанда, ки таҳияи ҳама намуди хӯрокро дар муддати кӯтоҳ таъмин мекунад, овардаанд.
ОҲМ хабар медиҳад, ки тибқи нақша то 1 сентябри соли 2020 мактабҳои россиягии Вазорати мудофиаи Россия дар Тоҷикистон бояд беш аз 500 хонандаи синфҳои ибтидоиро бо хӯроки гарм таъмин кунанд.
АКС: tj.sputniknews.ru








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






