Вазорати тандурустии Россия эълом намуд, ки ваксинакунонӣ бар зидди зуком метавонад дар мубориза бо COVID-19 кумак намояд
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинакунонӣ бар зидди зуком миқдори ҳолатҳои ҷараёни мураккаби коронавирусро коҳиш медиҳад, — гуфт вазири тандурустии Россия Михаил Мурашко. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад.
«Ваксинакунонӣ аз зуком ҷиҳати коҳиши шаклҳои мураккаби ҷараёни COVID-19 аҳамияти калидӣ дорад», — гуфт Мурашко ба хабарнигорон рӯзи ҷумъа дар Екатеринбург.
Ба гуфтаи вай, ваксина алайҳи сирояти пневмокок инчунин имкон медиҳад, ки эҳтимоли гирифторшавӣ бо илтиҳоби шуши ғайрибистарӣ «на танҳо дар давраи сироятшавӣ аз коронавируси нав коҳиш ёбад, инчунин барои дарёфти захираҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи ҳаёти одамони калонсол ва коҳиши беморон аз ҳисоби одамони қобили меҳнат мусоидат намояд».
Вазир инчунин оғози парвозҳои байналмилалиро ба шарте ҷонибдорӣ намуд, ки мусофирон фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва аз санҷиши тестӣ гузашта бошанд. Ширкатҳои ҳавоӣ мухолифи интиқоли мусофирон бо дарназардошти фосилаи иҷтимоӣ мебошанд: онҳо тавзеҳ медиҳанд, чунин тартиби ҳамлу нақли мусофирон аз лиҳози иқтисодӣ зараровар хоҳад буд.
ДАР АКС: Вазири тандурустии Россия М. Мурашко. Акси ТАСС








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






