Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд ва ба мардуми ноҳия барои амалисозии нақшаҳои созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлату Ҳукумат ва ташаббуси шахсони саховатпеша дар самти анҷоми корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар баробари анҷоми корҳои созандагӣ, дар ноҳия бунёду таҷдиди боз даҳҳо иншооти дигари таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад.
Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли истиқлоли давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳаммияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.
Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ равона гардидааст.
Инчунин, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон идома дорад, ки то ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмуъ, 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёд ва таҷдид гардида, ин раванд бомаром идома дорад.
Аз шумораи умумии иншооти бунёдшуда ба соҳаҳои маориф 45 иншоот ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 иншоот ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 иншоот ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016-2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 127 лоиҳа бо маблағи беш аз 138 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз иҷрои он 62 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии ба шуғл таъмин гардидани сокинони ноҳия ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.
Супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.
Ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек саломатӣ ва барору муваффақият орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






