Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои Маркази савдои «Нигини Хоруғ»-ро мавриди истифода қарор доданд

Август 21, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои «Нигини Хоруғ»-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои «Нигини Хоруғ» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона, кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулин, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун саҳм мегузоранд.

Баъди мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст, ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кулл, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон суҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳама гуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад.

Ифтитоҳи бинои Маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар шаҳри Хоруғ 21.08.2020

Август 21, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд