Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ»-ро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд

Август 21, 2020 09:23

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Хоруғ Коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ»-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо ҷойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифт, ки коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода диҳад.

Тибқи нақша бинои коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” аз утоқҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар коргоҳи мазкур 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди «Зиндагии беҳтар» ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” асосан либоси мактабӣ дӯхта мешавад.

Занону духтарон аз бунёди коргоҳ ва бо кору маоши хуб таъмин шуданашон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи бекорӣ  коҳиш дода шуда, шумораи зиёди сокинон, махсусан занону духтарони хонашин марҳила ба марҳила бо ҷойи кор таъмин карда мешванд.

Дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар  хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ташкил карда шуд, дидан карданд.

Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2020 қариб 500 нафар занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳм мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ бонувону ҷавондухтаронро ба ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 800 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Бонувон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, майдадӯзию ҷӯроббофӣ, сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, аз ҳисоби маҳсули дастони хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” дар шаҳри Хоруғ 21.08.2020

Август 21, 2020 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд