Ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшда ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 — и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиш доир гардид. Дар он гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фаннӣ ва ҷавонони фаъоли гуногункасби пойтахт иштирок доштанд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз дастовардҳои ҷавонон, хусусан ҷавонони пойтахт дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат сухан карда, зикр намуд, ки ҷавонони мо имрӯз аз зумраи саодатмандтарин насле мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми зебову нусрат ва тинҷиву амонӣ рост омадааст.
“Имрӯз агар мо ба нақшу саҳми ҷавонони тоҷик дар тамоми ҷодаҳо назар андозем, бо боварии комил ва сарфарозӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони мо бо сифатҳои олитарини инсонӣ, яъне дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ исбот намудаанд, ки роҳи интихобкардаи онҳо дар масири ватандориву ватанхоҳӣ сафеду рахшон аст”,-гуфт мавсуф.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода баён дошт, ки бо дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастовардҳои беназири сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ҷавонони шаҳри Душанбе рӯйи кор омада, шароити мусоиду арзанда дар ҳама самтҳои фаъолияти ҷавонон, махсусан самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон аз ин дастовардҳо самаранок истифода намуда, барои ояндаи дурахшони худ малака касб менамоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷавонони фаъол ва волонтёрони шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин ба хотири болидарӯҳии ҷавонон барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд.








Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт






