Аз 18,9 миллион гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон зиёда аз 711 ҳазор нафар вафот кардаанд

Август 6, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 271 406 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 18 983 280 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 12:00 ба вақти Душанбе 711 313 нафар аз бемориҳои бо вирус алоқаманд дар ҷаҳон вафот кардаанд.

Бино ба маълумоти СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида, Бразилия ва Ҳиндустон беш аз 1,9 миллион нафарӣ аз оғози пандемия сироят ёфтаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида 4 973 741 ҳолат (55 148 давоми шабонарӯзи охир) ошкор шуда, 161 607 нафар (1311 кас давоми шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва зиёда аз 2,5 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Дар Бразилия шумораи гирифторон ба 2 862 761 нафар (54 685 дар як шабонарӯзи охир) расида, 97 418 кас (1 322 дар як шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва беш аз 2 миллион нафар табобат шудаанд.

Ҳиндустон аз рӯи шумораи беморон дар ҷойи сеюм қарор дорад. Давоми шабонарӯзи охир, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, шумораи гирифторон 56 626 нафар зиёд шуда, ба 1 967 700 расид. Шумораи фавтҳо дар як шабонарӯзи охир 919 ҳолат афзуда, 40 772 касро ташкил дод. Ҳамчунин дар он  беш аз 1,3 миллион нафар сиҳат гардидаанд.

Аз рӯи шумораи ҳолатҳои фавт Мексика дар ҷойи сеюм буда, дар он ҷо 49 698 нафар аз оғози пандемия қурбонии коронавирус шудаанд. Афзоиши ҳаррӯзаи қурбониён дар он 857 нафарро ташкил дода, 456 100 нафар сироят ёфтаанд ва беш аз 304 ҳазор нафар табобат шудаанд.

Тибқи маълумоти «Worldometer», нишондоди фавт ба як миллион сокинони сайёра 91,2 нафар аст. Дар Иёлоти Муттаҳида аз 1 миллион аҳолӣ 488 нафар, дар Бразилия — 458, дар Ҳиндустон – 29 ва Мексика — 385 нафар вафот кардаанд.

Август 6, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон