Аз 18,9 миллион гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон зиёда аз 711 ҳазор нафар вафот кардаанд
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 271 406 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 18 983 280 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 12:00 ба вақти Душанбе 711 313 нафар аз бемориҳои бо вирус алоқаманд дар ҷаҳон вафот кардаанд.
Бино ба маълумоти СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида, Бразилия ва Ҳиндустон беш аз 1,9 миллион нафарӣ аз оғози пандемия сироят ёфтаанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида 4 973 741 ҳолат (55 148 давоми шабонарӯзи охир) ошкор шуда, 161 607 нафар (1311 кас давоми шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва зиёда аз 2,5 миллион нафар шифо ёфтаанд.
Дар Бразилия шумораи гирифторон ба 2 862 761 нафар (54 685 дар як шабонарӯзи охир) расида, 97 418 кас (1 322 дар як шабонарӯзи охир) вафот кардаанд ва беш аз 2 миллион нафар табобат шудаанд.
Ҳиндустон аз рӯи шумораи беморон дар ҷойи сеюм қарор дорад. Давоми шабонарӯзи охир, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, шумораи гирифторон 56 626 нафар зиёд шуда, ба 1 967 700 расид. Шумораи фавтҳо дар як шабонарӯзи охир 919 ҳолат афзуда, 40 772 касро ташкил дод. Ҳамчунин дар он беш аз 1,3 миллион нафар сиҳат гардидаанд.
Аз рӯи шумораи ҳолатҳои фавт Мексика дар ҷойи сеюм буда, дар он ҷо 49 698 нафар аз оғози пандемия қурбонии коронавирус шудаанд. Афзоиши ҳаррӯзаи қурбониён дар он 857 нафарро ташкил дода, 456 100 нафар сироят ёфтаанд ва беш аз 304 ҳазор нафар табобат шудаанд.
Тибқи маълумоти «Worldometer», нишондоди фавт ба як миллион сокинони сайёра 91,2 нафар аст. Дар Иёлоти Муттаҳида аз 1 миллион аҳолӣ 488 нафар, дар Бразилия — 458, дар Ҳиндустон – 29 ва Мексика — 385 нафар вафот кардаанд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






