Беш аз 220 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 221 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин Намояндагии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 10 август 182 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пандемияи COVID-19 тақрибан 17 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан оварда шуданд.








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






