Дар Академияи идоракунии давлатӣ пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро оид ба пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин бора аз Академияи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Рамазон Одиназода ва дигарон вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сухан гуфтанд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Ҳамчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёну магистрон дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон”, “Занон ва нақши онҳо дар роҳи рушди давлатдории миллӣ” маърӯза карданд.
Зикр шуд, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.
Маҳз пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва оид ба беҳбудии вазъи занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид.
Зимни ҳамоиш устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантон бо шиорҳои “Пешвои миллат- номзади арзанда”, “Поянда бод мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон!”, “Пешвои сулҳофару ваҳдатовар” ва “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон баён доштанд.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






