Дар Академияи идоракунии давлатӣ пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфт

Август 31, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш  устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ  пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро   оид ба  пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ  намуданд. Дар ин бора аз Академияи мазкур   ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода,  раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Рамазон Одиназода ва дигарон  вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сухан гуфтанд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат  ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Ҳамчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёну магистрон дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон”, “Занон ва нақши онҳо дар роҳи рушди давлатдории миллӣ” маърӯза карданд.

Зикр шуд, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.

Маҳз пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва оид ба беҳбудии вазъи занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид.

Зимни ҳамоиш устодон, кормандон, донишҷӯёну магистрантон бо шиорҳои “Пешвои миллат- номзади арзанда”, “Поянда бод мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон!”, “Пешвои сулҳофару ваҳдатовар” ва “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон баён доштанд.

Август 31, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид