COVID-19. Дар ҷаҳон зиёда аз 22,5 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ ба коронавируси нав зиёда аз 22,5 миллион нафар гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки дар асоси иттилои мақомоти федералӣ, маҳаллӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ҳисоб менамояд, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти СУТ, то соати 09:00-и 20 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 22 579 141 нафар сироят ёфта, 791 002 нафар гирифторон вафот кардаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ (5 700 931) дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд. Баъдан Бразилия (3 460 413) ва Ҳиндустон (2 835 822) қарор доранд. Дар Россия, ки аз рӯи шумораи гирифторон дар ҷаҳон дар ҷои чорум мебошад, 937 321 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 749 423 нафар шифо ёфтаанд ва 15 989 нафар фавтиданд.
Беморӣ, ки барангезандаи он коронавируси нав мебошад, охири соли 2019 дар Чини Марказӣ хуруҷ кард ва баъдан ба аксар кишварҳо паҳн гардида, 11 март аз ҷониби СУТ ҳамчун пандемия эътироф шуд.
Дар Тоҷикистон аввалин ҳолатҳои сирояти коронавирус 30 апрел ба қайд гирифта шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар муддати аз 30 апрел то 19 август шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 дар кишвар ба 8166 нафар расид. То имрӯз дар кишвар 6971 нафар ё худ 85,3% нафар сироятшудагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва 65 нафар фавтидаанд.
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






