COVID-19. Дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Август 23, 2020 19:49

ДУШАНБЕ, 23.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 23 август 8311 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7108 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 66 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 80 нафар гумонбарон қарор дошта, 36 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Август 23, 2020 19:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ