Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри кории назди муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи сайёри кории назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суръат бахшидани ҷараёни омодагиҳо аз аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода тақозо намуд, ки дар ин самт чораҳои мушаххас амалӣ созанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода шунида шуд. Мавсуф гуфт, ки ситоди вилоятӣ оид ба татбиқи қарори мазкур нақшаи чорабинии мукаммалро таҳия ва мавриди амал қарор додааст. Тибқи нақшаи пешбинишуда, барои захираи маводи ғизоии босифату дастрас, аз қабили орду равған, шакару биринҷ, меваву сабзавот ва дигар анвои мухталифи ғизоӣ тадбирҳои мушаххас рӯи кор оварда шудаанд.
Ҳоло дар анбори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба миқдори зиёда аз 500 тонна орд, беш аз 8,5 ним тонна равған, 22 тонна шакар, 15 тонна биринҷ ва зиёда аз 1 тонна макарон захира мавҷуд буда, барои натиҷабахш пушти сар намудани мавсими омодагиҳо чораҳои захиракунии маводи ғизоӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдасти вилоят бо суръат идома доранд.
Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ҳамчунин гуфт, ки захираи ангишт, гази моеъ, маводи сӯхти дизелӣ ва ҳезуму ангиштсанг низ бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо барои таҳия ва дастрас намудани маводи мазкур идома дорад.
Дар асоси талаботи муассисаҳои соҳаи иҷтимоии вилоят захираи зиёда аз 7 ҳазор тонна ангиштсанг ва 10 ҳазор метри кубӣ ҳезум ба нақша дароварда шуда, таъминоти муассисаҳои номбурда бо маводи сӯзишворӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






