Дар Чин барои ваксинаи зидди COVID-19 нахустин патент дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин патент барои ваксинаи COVID-19 дар Чин аз ҷониби Идораи давлатии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии давлатии иттилоотии «Синхуа».
Дархост барои дарёфти патент аз тарафи гурӯҳи таҳқиқотии Академияи илмҳои низомӣ ва ширкати технологии CanSino Biologics Inc. пешниҳод шудааст, — омадааст дар хабари рӯзномаи «Жэнмин жибао» (People’s Daily).
Гурӯҳ бо роҳбарии Чен Вэй, як пажӯҳишгари Институти тиббии ҳарбии Академияи мазкур ваксини рекомбинати COVID-19-ро коркард намуд.
Моҳи марти имсол ин ваксина аввалин ваксинаи дар Чин тасдиқшуда гардид ва барои санҷиши клиникӣ маъқул дониста шуд.
Тибқи хулосаи патент, ваксина дорои хусусиёти хуби иммуногениест, ки ҳангоми озмоиш дар мушҳо ва хукчаҳои дарёӣ мушоҳида гардид ва он дар як муддати кӯтоҳ вокуниши эминии баданро ба вуҷуд меорад. Ваксинаро зуд дар ҳаҷми калон барои мубориза бо хуруҷи COVID-19 истеҳсол кардан мумкин аст.
Марҳалаҳои аввал ва дуюми озмоишҳои клиникии ин ваксина ба анҷом расида, нишон доданд, ки он бехатар ва иммуногенӣ аст, — гуфта шудааст дар хабари нашрия.
АКС аз манобеи кушода








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






