Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҷҳизоти безараркунандаи худкор ихтироъ карданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷҳизоти безараркунандаи худкоре ихтироъ намуданд, ки ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва таъмини риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии COVID-19 равона карда шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазур хабар доданд.
Ихтирои мазкур аз ҷониби чор нафар устодони ҷавони факултет — Хушбахт Нуриллоев, Ихтиёр Сабуров, Аъзам Саидвалиев ва Қурбон Халилов пешниҳод гардидааст. Ин таҷҳизот аллакай дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилооти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров насб ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Таҷҳизот тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин намуда, барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аҳамияти муфид дорад.
Дар назар аст, ки ин дастгоҳи безараргардонии худкор мукаммал гардонида шуда, минбаъд дар даромадгоҳҳои тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ насб гардад.
Таҷҳизоти мазкур нахустин ихтироъ дар донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки дар самти таъмини беҳдошти солимӣ дар давраи мубориза бо бемории сироятии коронавирус мавриди татбиқ ва истифода қарор гирифтааст.
Дар асоси дастуру супориши Ситоди донишгоҳӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷиҳати ҳифз ва беҳдошти саломатии устодон ва донишҷӯён тадбирҳои муҳим ва зарурӣ роҳандозӣ шуда, биноҳои таълимӣ бо ҳамшираи шафқат, дастгоҳи ҳароратсанҷи электронӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, хлор, спирт, собун, ниқоби муҳофизатӣ ва дастпӯшак таъмин мебошанд.









Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






