Дар Душанбе вазъи соҳаи саноати Тоҷикистон таҳлил гардид

Август 24, 2020 13:42

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ ҷиҳати таҳлили вазъи соҳаи саноати мамлакат, муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2020 ҷиҳати дуруст ба  роҳ мондани сармоягузорӣ доир гардид.

Дар баррасии масъалаҳо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии «Тоҷикстандарт», Агентии содирот, роҳбари Гурӯҳи консалтингии «Камолот 1»  табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

Август 24, 2020 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст