Дар Хадамоти гумрук мусобиқа оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот байни кормандони мақомоти мазкур барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Бӯрӣ Ҳамрозода иброз дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат сол аз сол рушд намуда, барои тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иншооти зиёди варзишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Аз соли 2019 гузаронидани мусобиқаи варзишии бозии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳими варзишист, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни мамлакат ба варзиш мусоидат мекунад.
Кормандони Хадамоти гумрук соли гузашта дар ин мусобиқаи варзишӣ фаъолона иштирок намуда буданд ва имсол сафи иштирокчиёни бозии шоҳмот боз ҳам зиёдтар шудааст.
Воқеан варзиш воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан ба он махсусан дар замони ҳозира, ки ҷаҳонро бемории ҳамагири коронавирус фаро гиирифтааст, бисёр муфид аст. Гузаронидани мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар мақомоти гумрук ба рушди варзиш мусоидат намуда, кормандони Хадамоти гумрук бо заковати баланд барои ба даст овардани Ҷоми Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ доданд.
Дар мусобиқаи шоҳмотбозон ҳамчунин сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Носир Бозоров доир ба шоҳмот, таърих ва ташаккули он дар ҷомеаи миллии тоҷикон маълумот дод. Зикр шуд, ки шоҳмот яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ва завқовари рӯйимизӣ мебошад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе аз варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд.
Сипас кормандони Хадамоти гумрук аз рӯйи қуръапартоӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар бозии шоҳмот байни ҳам рақобат намуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






