Дар Ҳисор ба 57 нафар ятимони кулл либоси мактабӣ тақдим гардид

Август 17, 2020 16:44

ҲИСОР, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода дар асоси  сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  бахшида ба соли нави таҳсили 2020-2021  ба 57 нафар ятимони кулл аз муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот либосҳои мактабӣ тақдим намуд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Дар маросими туҳфасупорӣ омӯзгорон ва шахсоне, ки ятимонро дар оилаҳои худ саробонӣ мекунанд, иштирок доштанд.

Шарифҷон Ҷумъазода аз омӯзгорон ва нафароне, ки волидайнро иваз мекунанд, хоҳиш намуд, ки “нисбат ба ятимон меҳрубонӣ кунед, зеро онҳо дилшикастаанду ба меҳру муҳаббат ниёзи бештар доранд. Чун тақдири минбаъдаашон ба шумо бовар карда шудааст, мисли фарзандони худ ва ҳатто бештар аз он парасторияшон намоед”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторонро таҳти ҳимояи худ гирифта,  нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир  мекунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ барои соҳибилму соҳибкасб гардидани онҳо бо  фароҳам овардани шароити замонавии таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Август 17, 2020 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд