Дар Кӯлоб довталабони хизмати аскарӣ бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин мегарданд
КӮЛОБ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Рушди роҳнавард», воқеъ дар шаҳри Кӯлоб довталабони хизмати аскариро баъди омӯзиш бо 14 дараҷа (категория)-и ронандагӣ таъмин менамояд.
Бино ба иттилои роҳбари ҷамъияти мазкур Зафар Табаров, айни ҳол зиёда аз 3410 нафар довталаб ба таълими дарсҳои ронандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷамъияти «Рушди роҳнавард» бо 27 мактаби ронандагии минтақаи Кӯлоб шартнома дошта, мувофиқи он амал менамояд.
Ба хотири даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва таъмин намудани онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ 1690 нафар даъватшавандагон бо дараҷаҳои «С» ва «С -1» ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Инчунин барои ҳавасмандгардонӣ онҳо аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дараҷаи «Б» низ таъмин карда мешаванд.
Ҷамъият дорои 4 синфхона буда, бо тамоми лавозимоти дарсӣ таъмин мебошанд. Барои аз санҷиш гузаштани довталабон 7 мошини сабукрав, 2 адад мототсикл, 2 адад автобус ва 4 адад мошини боркаш мавҷуданд. Дар онҳо довталабонро бо қисмҳои эҳтиётии нақлиёт шинос намуда, тарзи рондани нақлиётро меомӯзонанд.
Кормандони ҷамъият кӯшиш менамоянд ба аҳолии минтақаи Кӯлоб хизмат расонида, ҷавононро сари вақт бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин намоянд.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






