Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои кормандон барномаи омӯзишии компютерӣ оғоз гардид

Август 3, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 7 август даҳ нафар кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои кӯли Сарез ва Хадамоти зидди жолаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи омӯзишии барномаҳои махсуси компютерӣ мегузаранд, то дар кори ҳамарӯзии худ онро истифода баранд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Барномаи омӯзишии компютерии мазкур дар доираи татбиқи «Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад, бо мақсади такмили ихтисоси кормандони Кумита  дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Технологияи нав ва барномаҳои ҷолиби компютерӣ барои роҳандозии мониторинг, хабардоркунии бармаҳал дар кӯли Сарез ва минтақаҳои атрофи он, инчунин ба роҳ мондани корҳои зидди жола аз ҷониби мураббиёни соҳибтаҷриба омӯзонида мешаванд.

Август 3, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа