Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мешаванд

Август 18, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ ва шароити зисти  аҳолӣ аз қитъаи замини сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Пӯлод Миров дидан намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Пӯлод Мирови 78-сола, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, ҳоло  нафақагир асту дар замини наздиҳавлигиаш деҳқонӣ мекунад. Замини наздиҳавлигии ин марди деҳқон 0,15 га буда, ҳар ваҷаби он самаранок истифода бурда мешавад.

Тавре ки Пӯлод Миров ба раиси вилоят иттилоъ дод, дар ин қитъа баъд аз ҷамъоварии ҳосили якум кишти такрории зироат, аз ҷумла маккаи дон, лӯбиё, мош, картошка ва дигар намуди сабзавот барои аҳли оила парвариш мешавад, ки феълан нашъунамои хуб доранд.

Дар хонаводаи Пӯлод Миров аз ҳосили маҳсулоти замини наздиҳавлигиашон ҳамасола барои оила зиёда аз 300 дона банка хӯришҳои гуногун ва мураббо захира менамоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки ҳар як оилаи деҳотӣ бояд аз замини наздиҳавлигӣ оқилонаю пурсамар истифода бурда,  дар таъмини амнияти ғизоӣ саҳм гузорад.

Август 18, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад