Дар ноҳияи Айнӣ 4 узви як оила ҳангоми убур бо заврақи худсохт дар дарёи Искандар ғарқ шуданд

Август 15, 2020 11:31

ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 август, тахминан соати 09:50, 4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

Август 15, 2020 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд