Дар Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 358 муассисаи тандурустӣ бунёд мегардад

Август 18, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 ба истифода дода шуданд. Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор доштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот иброз доштанд, ки «агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020  ба 4369 адад расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа  ба истифода дода шудааст».

Сарвари давлат зикр намуданд, ки имрўз дар мамлакат шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Тавре Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки 15 август дар Қасри Арбоб доир шуд, гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва навсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмон ва таъмиру навсозии даҳҳо иншоот ба итмом расонида шудааст.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар вилояти Суғд таъкид шуд, ки алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 5276 нафар духтур, 17945 нафар корманди миёнаи тиб ва 6390 нафар корманди хурди тиб ба аҳолӣ содиқона хизмат мерасонанд. Умед аст, ки кормандони соҳа дар оянда ҳам баҳри нигаҳдории тандурустии аҳолӣ меҳнати шоиста мекунанд.

Дар робита ба ин, гурӯҳи калони кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар пешрафти соҳа, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID–19 саҳми босазо гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

ДАР АКС: Ба истифода додани бинои нави Беморхонаи сироятӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.06.2020

Август 18, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон