Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ҷамъбаст гардид

Август 29, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид, ки аз 328 нафар иштирокчии даври аввал 73 нафари он барои санҷиши маҳорату истеъдод ба даври вилоятӣ интихоб гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, даври аввали озмуни мазкур  аз 25 июл то 12 август дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ сурат гирифт, ки дар он намояндагони касбу кори гуногун аз қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок доштанд.

Ба гуфти аъзои ҳакамон, бештари иштирокчиёни имсола нафароне буданд, ки дар озмуни соли гузашта иштирок намуда буданду ҷойҳои намоёнро сазовор нагардиданд.

Даври дуюм дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт моҳҳои сентябр — октябри соли 2020 баргузор мешавад. Довталабон дар ин давра аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун муайян  мегарданд. Қисмати ташкилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст.

Ёдовар мешвем, ки ҳайати ҳакамони даври дуюм ва сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи  композиторон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи санъату  фарҳанг интихоб шуда, аз тарафи Комиссияи озмун тасдиқ мегардад.

Август 29, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд