Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имсол шаҳрвандони хориҷиро барои таҳсил тариқи онлайн қабул менамояд
ХУҶАНД, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 7000 донишҷӯ таҳсил доранд, ки 330 нафарашро шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ташкил медиҳанд. Раёсати донишгоҳ дар пайи пандемияи коронавирус ва доман паҳн кардани мавҷи дуюми он тасмим дорад, ки дар соли хониши 2020-2021 шаҳрвандони хориҷиро барои таҳсил тариқи онлайн низ қабул намояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон як зумра иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, баҳри фароҳамоварии шароити мусоиди таълиму фароғат барои омӯзгорон сохтмони бинои истиқоматии даҳошёна ва барои муҳассилин бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, варзишгоҳ ва маҷлисгоҳ дар назар аст.
То имрӯз ба ифтихори ин санаи хотирмон бо иштироки ҷомеаи меҳнатии муассиса дар доираи амалҳои созандагиву ободонӣ дар донишгоҳ азнавсозии даромадгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш кардани роҳравҳо, сабзазоркунии атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки далели омодагии ҷиддии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба истиқболи шоистаи ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад.
Вобаста ба омодагиҳо ба соли хониши нав зикр гардид, ки яке аз падидаҳои соли таҳсили нав он аст, ки имсол дар раванди ташкили чанд ихтисоси нав, чун соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, инчунин дар донишгоҳ қабул аз рӯи 6 ихтисоси омӯзгорӣ, чун омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забони англисӣ, назарияи иқтисодиёт ва диншиносӣ ба роҳ монда шудааст. Минбаъд донишҷӯён пас аз хатми ин ихтисосҳо метавонанд дар мактабҳои оливу миёна низ фаъолият намоянд.
Бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар соли таҳсили 2020 -2021 дар донишгоҳ роҳандозии 11 ихтисоси нав дар назар дошта шуда, имсол дар донишгоҳ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад.
Доир ба робитаи бурунмарзии донишгоҳ ва таҳсили муҳассилин аз давлатҳои хориҷӣ зикр гардид, ки имрӯз донишгоҳ бо беш аз 50 донишгоҳу муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии хориҷӣ созишномаи ҳамкории судманд дорад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»






