ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00, дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд. Дар он дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо «Исфара»-и шаҳри Исфара ва 28 август «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври даҳум дар майдони худ дастаи «Барқчӣ»—и шаҳри Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар 10 бозӣ 27 имтиёз гирифта, пешакӣ ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид ва муборизаро барои роҳхат ба Лигаи олӣ дилпурона идома медиҳад.
Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 21 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо бар дастаи меҳмон – «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ — бо ҳисоби 6:3 ғолиб омаданд.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки 17 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб кардааст. Дастаи «Панҷшер» дар даври даҳум дар майдони худ бар дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Дар се бозии дигари даври даҳум дастаҳои футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:1, «Равшан»-и Зафаробод дар майдони худ бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби калони 8:0 ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бар дастаи меҳмон – «Моҳир»-и Ёвон — бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум
«Исфара» – «Ваҳдат» – 1:3
Голҳо: Ибодулло Шарипов, 14 (1:0). Суҳроб Асоев, 32 (1:1). Самариддин Расулов, 88 (1:2). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 90+4 (1:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Фаромурз Саидов («Ваҳдат»).
«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 3:2
Голҳо: Рустам Назаров, 26 (1:0). Аваз Камчинов, 38 (1:1). Рустам Назаров, 56 (2:1). Абдухалил Боронов, 58 (3:1). Аваз Камчинов, 76 (3:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).
«Эсхата» – «Саройкамар» – 6:3
Голҳо: Рустам Сабуров, 12 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 15 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинджон Муъминов, 22 (3:0). Акмалҷон Авазов, 28 (3:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 34 (4:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 43 (4:2). Рустам Сабуров, 54 (5:2). Иброҳим Муҳтоҷзода, 84 (5:3). Мубинҷон Муъминов, 90+4 (6:3).
Беҳтарин бозингари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» – 8:0
Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 13 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 15 (2:0). Парвиз Деҳқонов, 21 (3:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (4:0). Азимҷон Мавлонов, 35 (5:0). Бахтиёр Зарипов, 44 (6:0). Зиёвуддин Фузайлов, 70 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 79 (8:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»).
«Ҳосилот» – «Моҳир» – 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Шерзода, 3 (1:0). Далер Умаров, 33 (2:0). Муҳаммадҷон Шерзода, 56 (3:0). Комрон Салимов, 87 (4:0). Исроил Сомон, 90+3 (5:0).
Беҳтарин бозингари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Ҳосилот»).
«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ» – 4:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 40 (1:0). Наврӯз Рустамов, 50 (2:0). Файзиддин Назаров, 59 (2:1). Зокир Абдулхайров, 60 (3:1). Ҳасан Рустамов, 62 (4:1). Муҳаммадҷон Ризомов, 88 (4:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 10 | 9 | 0 | 1 | 41-18 | 27 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 10 | 7 | 0 | 3 | 29-20 | 21 |
| 3 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 10 | 5 | 2 | 3 | 23-13 | 17 |
| 4 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 10 | 5 | 1 | 4 | 21-19 | 16 |
| 5 | «Исфара» (Исфара) | 10 | 5 | 0 | 5 | 17-19 | 15 |
| 6 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 10 | 4 | 2 | 4 | 31-24 | 14 |
| 7 | «Саройкамар» (Панҷ) | 10 | 4 | 2 | 4 | 22-23 | 14 |
| 8 | «Моҳир» (Ёвон) | 10 | 4 | 2 | 4 | 23-30 | 14 |
| 9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 10 | 4 | 1 | 5 | 20-20 | 13 |
| 10 | «Равшан» (Зафаробод) | 10 | 3 | 4 | 3 | 20-16 | 13 |
| 11 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 10 | 2 | 1 | 7 | 20-24 | 7 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 10 | 0 | 1 | 9 | 7-48 | 1 |
Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 8 тӯб, Фирдавс Мӯсоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат»), Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 7- тӯбӣ.








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






