ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуд

Август 4, 2020 08:55

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6-7  июл бозиҳои даври  8-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум дар  варзишгоҳҳои  мамлакат  баргузор  мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе   бо  «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Исфара»-и шаҳри  Исфара  бо  «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ,  «Панҷшер»-и   Ҷалолиддини Балхӣ бо  «Моҳир»-и ноҳияи  Ёвон, «Равшан»-и Зафаробод бо  «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, «Эсхата»-и  шаҳри  Хуҷанд  бо  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ва «Ҳосилот»-и  ноҳияи  Фархор бо  «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб байни ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад. 

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум. Даври 7-ум

«Равшан» (Кӯлоб) – «Эсхата» – 3:0

Голҳо: Далер Шомуродов, 8 – аз пеналти (1:0). Далер Шомуродов, 49 – аз пеналти (2:0). Саидамири Саидаҳмад, 86 (3:0).

Корти сурх: Амирҷон Раҳимов («Эсхата»), баъд аз бозӣ – таҳқири ҳайати доварон.

Беҳтарин бозингар: Амирҷони Фаррухзод («Равшан» Кӯлоб).

«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Маҳмуд Ғаюров, 83 (0:1). Зуҳриддин Фузайлов, 90+6 (1:1).

Корти сурх: Бахтиёр Ҳакимов (сармураббии дастаи «Панҷшер») – таҳқири ҳайати доварон.

Беҳтарин бозингар: Бахтиёр Неъматов («Панҷшер»).

«Ҳулбук» – «Ваҳдат» – 2:1

Голҳо: Суҳроб Асоев, 55 (0:1). Аваз Қамчинов, 76 (1:1). Зоирхон Холматов, 90+5 (2:1).

Беҳтарин бозингар: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).

«Ҳосилот» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 25 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 58 (1:1).

Беҳтарин бозингар: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

«Моҳир» – «Исфара» – 4:3

Голҳо: Муродбек Юсупов, 8 (1:0). Хушбахт Назиров, 19 (1:1). Фирдавс Мусоев, 23 (1:2). Абдураҳим Раҳимов, 34 (1:3). Бахтовар Ҳалимов, 77 (2:3). Бахтовар Ҳалимов, 79 (3:3). Бахтовар Ҳалимов, 90+1 (4:3).

Беҳтарин бозингар: Бахтовар Ҳалимов («Моҳир»).

«Саройкамар» – «Шоҳмансур» – 6:2

Голҳо: Соҳиб Ваҳобов, 21 (1:0). Фирдавс Икромов, 28 (1:1). Хуршед Ямаков, 45 (2:1). Ҷурабек Юсупов, 59 (2:2). Акмалҷон Авазов, 61 (3:2). Акмалҷон Авазов, 74 – аз пеналти (4:2). Соҳиб Ваҳобов, 77 (5:2). Ҷонибек Ғаффоров, 81 (6:2).

Беҳтарин бозингар: Акмалҷон Авазов («Саройкамар»).

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 11 гол, Фирдавс Мусоев («Исфара») – 7 гол, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан» Кӯлоб), Мубинҷон Мӯминов («Эсхата») – 6 голӣ.

Пас аз даври  7-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо касби 18 имтиёз мавқеи худро дар садри ҷадвал мустаҳкам намуд. Дар зинаи дуюм дастаи навкори Лигаи якум  «Моҳир»-и ноҳияи  Ёвон бо  14 имтиёз  қарор дорад.

 

  ҶОИ    ДАСТАҲО  Б    Ғ    М    Б   Т-Т        х 
1 «Равшан» (Кӯлоб) 7 6 0 1 27-13 18
2 «Моҳир» Ёвон) 7 4 2 1 21-19 14
3 «Эсхата» (Хуҷанд) 7 4 0 3 17-15 12
4 «Исфара» (Исфара) 7 4 0 3 13-13 12
5 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхи) 7 3 2 2 17-9 11
6 «Саройкамар» (Панҷ) 7 3 2 2 17-15 11
7 «Ҳосилот» (Фархор) 7 3 1 3 13-13 10
8 «Ҳулбук» (Восеъ) 7 3 1 3 14-15 10
9 «Равшан» (Зафарабад) 7 2 3 2 9-9 9
10 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 7 2 1 4 20-21 7
11 «Барқчӣ» (Ҳисор) 7 1 1 5 15-16 4
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 7 0 1 6 6-31 1

 

Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 11 тӯб, Фирдавс  Мусоев («Исфара») – 7 тӯб, Умедҷон Азизов («Ваҳдат»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан» Кӯлоб), Мубинҷон Муминов («Эсхата») –  6 тӯб.

Август 4, 2020 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд