ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗУДААСТ. Оё корхонаҳои ордбарорӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин карда метавонанд?

Август 5, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ фаъолият  дошта,  танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон  374 ҳазору 982 тонна орд истеҳсол намудаанд, ки   ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  43 ҳазору 136 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 хабар дод.

Тавре  иттилоъ доред, бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус дар ҷаҳон аввалҳои моҳи март дар ҷумҳурӣ  арзиши орд ба таври сунъӣ боло рафт. Дар шарҳи ин масъала Вазири саноат ва технологияҳи нав гуфт, ки «имрӯз корхонаҳои ордбарории мамлакат на танҳо имконияти  таъмини пурраи аҳолиро бо орди хушсифати ватанӣ доранд, балки  ба кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содироти онро ба роҳ мондаанд».  

Вазири саноат ва технологияҳои нави
Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода

«Тоҷирон ё шахсони манфиатдоре, ки ба таври сунъӣ арзиши ордро боло бурданд, аз вазъи бозор бехабаранд, зеро дар чанд соли охир корхонаҳои мо Тоҷикистонро пурра бо орди ватанӣ таъмин мекунанд. Дилхоҳ корхона метавонад аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ гандум ворид намояд, зеро дар ин самт ягон мушкилӣ ҷой надорад. Танҳо ширкатҳоеро, ки гандум  ворид месозанд, зарур аст истеҳсоли ордро ба роҳ монанд»-, афзуд вазир.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 воридоти гандум камтару  орд бештар шудааст.

Вазири саноат ва технологияҳои нав  ба савол оид ба он ки истеҳсоли орд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудаасту чаро арзишаш поён намеравад, чунин посух гуфт: «Бештари гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ворид мешавад, ки арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ боло рафтааст. Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд корхонаҳои ватаниро бо гандуми дохилӣ пурра таъмин намоянд, дар ин сурат арзиши орд низ поён меравад».

Бояд гуфт, ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф  айни замон арзиши як халта орди 50 кг навъи якум аз 227 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, дар саросари ҷумҳурӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳолати 1 июли имсол 527 ҳазору 570,5 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  30,1 ҳазор тонна  зиёд мебошад.  Масъулини Вазорати кишоварзӣ ба мо гуфтанд, ки ҷамъоварии ҳосили гандум  ҳоло идома дошта, майдони кишти ғаладонагиҳо имсол бештар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи рушди соҳаи саноат сол то сол   талаботи бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи истеҳсоли орди ватанӣ  таъмин карда мешавад. Соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи мамлакат содир шудааст.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Август 5, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ