Клубҳои шабона, барҳо ва тарабхонаҳо дар Швейтсария макони асосии сироятёбӣ бо коронавирус шудаанд

Август 3, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 03.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан нисфи сироятёбиҳои нав бо коронавирус дар Швейтсария ба клубҳои шабона, сеяки онҳо ба барҳо ва тарабхонаҳо рост меояд, хабар медиҳад АИБ «Казинформ» бо истинод ба The Local.

Таҳқиқоти тозаи Раёсати федералии тандурустии Швейтсария нишон медиҳад, ки чӣ гуна коронавирус дар саросари кишвар тавсеа меёбад ва зимнан клубҳои шабона, барҳо ва тарабхонаҳо макони асосии сироятёбӣ мебошанд.

Омори пешниҳоднамудаи ширкати ҷамъиятии телевизионии Швейтсария нишон медиҳад, ки 42% ҳолатҳои нави сироятёбӣ дар ин кишвар  дар ду ҳафтаи охир дар клубҳои шабона рух додаанд.

Боз 27% ҳолатҳои сироятёбӣ  ба барҳо ва тарабхонаҳо рост меоянд. Ин маънои онро дорад, ки аз се ду ҳиссаи тамоми сироятёбиҳо дар ин давра дар клубҳои шабона ё муассисаҳои хӯроки умумӣ сурат гирифтааст. Дар айни замон, аз аъзои оила каме беш аз 12%  ва аз кормандони тиббӣ — 8% одамон сироят ёфтаанд.

Ин хабар дар пасманзари эътирофи мансабдорони Швейтсария дар бораи он ки ба клубҳои шабона хеле барвақт иҷозати фаъолият дода шуда буд, арзи вуҷуд намуд. Аз  замоне, яъне  8 июн дар Швейтсария ба клубҳои дорои имкони қабули то 300 нафар меҳмон дубора иҷозати фаъолият дода шуд, чандин хуруҷи бемори рух дод ва садҳо тан одамон ба карантин фаро гирифта шуданд.

Як қатор кантонҳо аллакай шумораи одамонеро, ки иҷозати ба клубҳои шабона рафтан доранд, коҳиш додаанд ва ин дар ҳолест, ки баъзе муасссисаҳои фароғатӣ муштариёнро муваззаф кардаанд, ки ниқоб бипӯшанд.

Тамоми мизоҷони клубҳои шабона дар Швейтсария бояд мисли пештара дар фосилаи 1,5 метр аз ҳамдигар қарор дошта бошанд.

Бояд тазаккур  дод, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  тасдиқ мекунад, ки дар ҳафтаҳои охир дар Аврупо авҷи хуруҷҳои нави ҳолатҳои коронавирус мушоҳида шудааст ва дар он ҷо ҷавонон ҳангоми рухсатӣ ба барҳо мераванд, дар ҷойҳои оббозӣ шабнишиниҳо ташкил ва  бо теъдоди зиёди  рафиқонашон мулоқот мекунанд.

АКС аз сомонаи «Казинформ»

Август 3, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид