Конфронси XIV филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид

Август 18, 2020 13:45

 ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт Конфронси XIV филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ризо Назарзода, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, собиқадорони соҳа ва фаъолон иштирок намуданд.

Тавре дар ин бора мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамоиш бо мақсади муайян намудани мавқеи созандаи ҷавонон дар рушди босуботи мамлакат, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланд роҳандозӣ шуд.

Дар Конфронси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон масъалаҳои фаъолияти филиали Иттифоқ дар шаш моҳи соли равон, тасдиқи меъёри намояндагӣ ва тасдиқи рӯйхати вакилон барои иштирок дар анҷумани 14-уми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  баррасӣ шуданд.

Зимни конфронс муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ризо Назарзода, собиқадорони соҳа Наҳтулло Назаров ва Дилшод Музаффарзода андешаҳои худро перомуни нақши ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ иброз намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш як гурӯҳ собиқадорону масъулини соҳа ва вакилону фаъолон аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб, маориф, фарҳанг, занон ва ҳайати эҷодии воситаҳои ахбори омма барои хизматҳои наҷибу арзанда дар рушди соҳа ва тарғибу ташвиқи он бо Сипоснома ва ифтихорномаҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи қарорҳои қабулнамудаи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки пас аз баргузории конфронсҳои маҳаллӣ номзадии 600 нафар вакилон барои иштирок дар конфронси шаҳрӣ ва аз конфронси шаҳрӣ 380 нафар вакилон барои иштирок дар Анҷумани XIV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки 31 август баргузор мегардад, интихоб ва пешбарӣ гардид.

Август 18, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад