Татбиқи лоиҳаи дуюми кумакпулии ҳармоҳа ба ятимон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон шуруъ гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба 643 нафар кўдакони ятим кумакпулӣ таъйин карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоотии ҷамъияти мазкур хабар доданд.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 180 дирҳами Амороти Муттаҳидаи Араб бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рўзи пардохт кумакпулӣ (аз рӯи қурби асъори миллӣ ба санаи 3 августи соли 2020 505,24 (панҷсаду панҷ сомониву бисту чор дирам) муқаррар карда шудааст.
«Тибқи созишномаи байни ҷонибҳо баимзорасида 643 нафар кўдакони ятими шаҳри Душанбе, ки дар тарбияи хешовандони наздик қарор доранд, бо назардошти шароити моддии онҳо ба ин лоиҳа фаро гирифта шуданд. Маблағи кумакпулӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон интиқол дода мешавад», — иброз доштанд масъулини лоиҳа.
Мавриди ёдоварист, ки аз моҳи июни соли равон аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти чунин лоиҳаи сарпарастии ятимон ба роҳ монда шудааст. Дар он 500 нафар ятимон аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта шуда, мувофиқи он барои як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА (1 доллари ИМА — 10.3112 сомонӣ барои 04.08.2020) пешбинӣ карда шудааст.
Дар маҷмўъ тибқи лоиҳаҳои дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба сарпарастии ятимон амалкунанда нисбат ба 1143 нафар ятимон кумакпулии ҳармоҳа пешбинӣ гардидааст.
«Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кўшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат саҳмгузор бошад», — таъкид намуд манбаъ.












Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд






