Кумитаи кор бо занон ва оила ба зарардидагони ноҳияи Хуросон кумак намуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша ба 67 нафар аъзои оилаҳои зарардида дар ноҳияи Хуросон маводи хӯрокӣ, аз қабили орду равған, биринҷ, макарону шакар ва либосу пойафзолҳои занонаю кӯдакона кумак намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар партави ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Кумитаи мазкур оилаҳои зарардидаи деҳаи Н. Асадуллоеви Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросонро, ки 14-16 майи соли равон аз офати табиӣ зарар дида буданд, аёдат намуда, бо онҳо суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ перомуни ғамхориҳои беназиру адолатпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии шаҳрвандону оилаҳои ниёзманд, инчунин пешгирии вайроншавии оилаҳо ва никоҳҳои хешутаборӣ, зарурати муоинаи пешазникоҳии издивоҷкунандагон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, роҳ надодан ба гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии бемории сироятии каронавирус сухан рафта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мазкур бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта фаъолона талош намоянд.
Иброз карда шуд, ки ҳукумати мамлакат пуштибони ҳар узви оила ва ҷомеа буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки то таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сокинони осебдидаи Ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гарданд.










Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






