Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Хоруғ машқи тактикӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020 машқи тактикӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тамрини мазкур дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ» гузашт.
Ба он кормандони Беморхонаи марказӣ, Маркази давлатии назорати эпидемиологии вилоят, Маркази саломатӣ ва кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҷараёни омӯзиш дар бораи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави вилоят, корҳои пешгирӣ дар мавриди коҳиши хатари густариши коронавирус, ҳамчунин тавсияҳо оид ба вокунишҳо ба ҳолтаҳои фавқулода маълумот дода шуд.
Дар анҷоми тамрин кормандони Раёсати Кумитаи мазкур дар ВМКБ ба ширкаткунандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






