Маркази миллии тестӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои тақсимоти такрорӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, аз 10 то 13 августи соли равон дар Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгирии довталабон барои тақсимоти такрорӣ сурат мегирад. Тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Марказ барои ҷойҳое, ки баъд аз тақсимоти асосии ИМД дар соли равон холӣ мондаанд, тақсимоти такрорӣ баргузор менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси баллҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, довталабони ятим ва бепарасторе, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба гурӯҳҳои пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсим шудаанду бинобар надоштани имкони пардохти маблағи шартномаи таҳсил ба ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат насупоридаанд, довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд ва ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ роҳ ёфтаанд ва онҳое, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимот роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.
Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ дар рӯзи муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирии дахлдор (дар ин бора паёмак (SMS) фиристода шудааст) ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
— шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст
— варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);
— расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи иловагӣ (маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар гардидааст).
Шахсони зерин аз пардохти ин маблағ озоданд: ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.
Тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси баллҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон муайян карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ 17 августи соли равон эълон карда мешаванд.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






