Модарони ҷавон ҷаҳонро аз COVID-19 наҷот медиҳанд? Чиниҳо ба кашфиёти муҳим ноил шуданд

Август 25, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 25.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони чинӣ ба як кашфиёти  муҳим муваффақ шуданд: эҳтимол ҷаҳон аз баракати модарони ҷавон аз коронавирус наҷот ёбад. Маълум шуд, ки дар шири сина сафедаҳое мавҷуданд, ки метавонанд COVID-19-ро пахш кунанд, хабар медиҳад sargrad.tv.

Агар аксарияти вирусшиносони ҷаҳон ҳоло саргарми коркарди ваксинаи зидди коронавирус бошанд, аммо баъзеҳо дар ҷустуҷӯи доруи табобати он ҳастанд. Чунин менамояд, ки яке аз доруҳо дар асоси шири сина таҳия хоҳад шуд. Ҳангоми пажӯҳиш коршиносони чинӣ муайян кардаанд, ки дар шири сина сафедаҳо ва зардоб мавҷуданд, ки дорои қобилияти пахш намудани  вирус мебошанд.

Дар таҷрибаи худ олимон ҳамсонҳои заифкардашудаи COVID-19-ро истифода ва ба онҳо бо шир таъсир кардаанд — ба ғайр аз шири сина, онҳо инчунин аз шири буз ва гов низ истифода бурдаанд. Маълум шуд, ки маҳсулоти мазкур дорои қобилияти пахш намудани вирус мебошад.

Дар айни замон пажӯҳиш идома дорад, аммо коршиносони чинӣ хушбин ҳастанд ва изҳор менамоянд, ки асоси доруи оянда ҷиҳати табобати коронавирус эҳтимол пайдо шудааст.

 АКС: Elena Sikorskaya/Globallookpress

Август 25, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид