Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз чанд муассисаи таълимию тиббии вилояти Хатлон дидан намуд

Август 10, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 8 август аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Бохтар, Кӯшониён ва Вахш дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дидан карда, бо ҷараёни омодагии ин мактаб ба соли нави хониш шинос шуд. Масъулини муассиса иттилоъ доданд, ки дар назди мактаб имсол бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ҳамзамон дар паҳлуи мактаб бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки барои мактаббачагон ва ҳайати омӯзгорон хизмат мекунад.

Муовини Сарвазир таъкид кард, ки дар шароити пандемия мактаб низ яке аз мавзеъҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии  COVID-2019 тамоми чораҳои беҳдоштиро биандешанд. Аз ҷумла, пӯшидани ниқоб ва ҳар лаҳза шустани дастонро ба хонандагон таъкиду ташвиқ намоянд.

Дар шаҳри Бохтар муовини Сарвазири мамлакат бо фаъолияти фабрикаи ресандагии ҶСШК «Ресанда», ки ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва либосҳои мактабӣ машғул аст, шинос шуд. Инчунин муовини Сарвазир бо як коргоҳи дӯзандагии шаҳр ва омодагии занони бохтарӣ ба фасли зимистон шинос шуд.

Дар беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Ширин Исматуллозода бо табибону беморон ва наздикони онҳо суҳбат карда, ба масъулини беморхона таъкид намуд, ки тамоми имкониятҳои худро ба хотири саломатии мардум истифода кунанд.

Дар ноҳияи Кӯшониён муовини Сарвазир бо вазъи беморхонаи марказии ноҳия ва фаъолияти коргоҳи дӯзандагии ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» шинос шуд. Бино ба иттилои масъулин, соли равон коргоҳ бо чанд мактаби маркази ноҳия шартнома баста, онҳоро бо либосҳои мактабӣ таъмин менамояд.

Муовини Сарвазири мамлакат ҳамчунин аз шуъбаи қабул ва сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дидан карда, бо кормандони ин муассиса оид ба пешгирии COVID-2019 ва сари вақт дарёфт кардану ба табобат фаро гирифтани беморон суҳбат орост.

Пас аз боздиду шиносоӣ бо муаасисаҳои таълимию тандурустии шаҳру ноҳияҳои болозикр, бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон доир гардид.

Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар пешгирии COVID-19 аз рӯзи аввали бақайдгирияш сарҷамъона тавонистем шиддати онро дар ҷумҳурӣ паст кунем. Бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ кор карданд. «Мутаассифона, имрӯз як навъ хотирҷамъ шудаем, ки ин хатост. Моро зарур аст, ки боз ҳам мисли ҳамон рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ сарҷамъона корро ба роҳ монем. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем. Фаъолияти муаасисаҳои кумаки аввалияро тақвият бахшида, гашти хона ба хонаро аз нав эҳё карда, дар пайдо намудану сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморон кумак намоем», — илова намуд муовини Сарвазири мамлакат.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар арафаи соли нави хониш зарур аст, ки корро бо мактабҳо пурзӯр карда, хонандагонро бо ниқобҳои тиббӣ ва маводи антисептикӣ таъмин намоем.

Август 10, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон