ОНЛАЙН — ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба плей-офф роҳ ёбад ва дар марҳилаи интихобӣ мақоми 4-умро касб кард
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 АМИТ «Ховар» /. Марҳилаи интихобии Онлайн — олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба поён расид. Тибқи натиҷаҳои бозиҳои интихобӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба плей-офф роҳ ёбад ва дар гурӯҳи худ (гуруҳи сеюм) мақоми 4-умро ишғол намуд.
Умуман, дар Олимпиада 163 дастаи мунтахаб иштирок намуданд. Бозиҳо то 30 август идома меёбанд. Ҳар як дастаи онлайнро шаш нафар шатранҷбозон — се мард ва се зан ва шумораи баробари ивазкунандагон муаррифӣ мекунанд. Инчунин, ба ҳайати даста бояд як писар ва як духтари то 20-сола шомил бошад.
Бозиҳо дар платформаи ҷаҳонии онлайн Chess.com баргузор мешаванд.
Тоҷикистон дар дивизиони сеюм бозӣ мекард. Ба ҳайати дастаи мунтахаб Ҷамшед Исоев (капитан), Муҳаммад Ҳусейнхӯҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Ҷалолиддин Икромӣ, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев, Марвори Насриддинзода, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова шомиланд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаро 5 август шурӯъ карда, нӯҳ бозӣ анҷом дод.
Шоҳмотбозони Тоҷикистон бозии аввалро бо Португалия бо ҳисоби мусовӣ — 3: 3 ба итмом расондапнд. Дар ду бозии дигар бозингарони дастаи Тоҷикистон шоҳмотбозони Ботсванаро бо ҳисоби 6: 0 ва Тайбэйи Чинро ьбо ҳисоби 4: 2 мағлуб карданд. Сипас шоҳмотбозони тоҷик вохӯриро бо дастаи Шри-Ланка бо ҳисоби 2: 4 бохта, бар шоҳмотбозони Нигерия бо ҳисоби 6: 0 ғолиб омаданд. Шоҳмотбозони Тоҷикистон бозиро бо шоҳмотбозони Шотландия 3: 3 мусовӣ (3: 3) анҷом дода, сипас бо ҳисоби 5:1 бар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ангола ғолиб омаданд
Президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот Аркадий Дворкович дар мусоҳиба бо «Sputnik Тоҷикистон» ба иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Аввалин онлайн олимпиадаи ҷаҳони FIDE» баҳои баланд дод. Дворкович, аз ҷумла зикр намуд, ки бо иштирок дар Олимпиада шоҳмотбозони тоҷик, бахусус ҷавонон таҷрибаи бесобиқа аз худ мекунанд.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






