Пагоҳ бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз мешаванд

Август 4, 2020 14:39

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футзали «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Соро компания» -и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозиҳои даври сеюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 2 август хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар даври сеюм чемпиони феълии мамлакат-дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 8:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Алимаҳмадов се гол зад. Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии пуршӯр бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 7:4 дастболо шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Иқбол Воситзода панҷ гол зад. Дар бозии дигари даври мазкур дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 10:5 мағлуб намуд. Ин аввалин ғалабаи дастаи «Равшан» дар мавсими имсола аст. Ҳотамшоҳ Раҳмонов дар ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб се тӯб ба ҳадаф расонид.

Баъд аз натиҷагирии се даври Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо нуҳхолӣ пешсафанд.

Август 4, 2020 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд