Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд

Август 6, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020  таъин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум  қабул гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир шуд.

Ба рӯзномаи  ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои зерин: 1) Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Олимзода Н.Х.»; «Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.», 2)  Дар бораи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои якҷояи   Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Август 6, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шунавандагони мактаби САҲА оид ба дипломатия бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд
Густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибатҳои байнипарламентиро густариш мебахшанд
Ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир шуд
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад
Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд