Роҳбари СУТ мегӯяд, ки пандемия ба солимии рӯҳии миллионҳо одамон асар кардааст

Август 28, 2020 10:16

ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемия бемориест, ки сабаби он коронавируси нав мебошад ва ба солимии рӯҳии миллионҳо одамон асар намудааст. Дар ин бора дар як брифинг дар Женева рӯзи панҷшанбе, 27 август директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии ин созмон.

«COVID-19 (беморие, ки ба асари коронавируси нав зуҳур менамояд — шарҳи ТАСС) ба солимии рӯҳии миллионҳо одамон асар намуда, боиси изтироб ва тарси онҳо, инчунин халалдор шудани фаъолияти хадамоти нигоҳдории солимии равонӣ шудааст», — гуфт ӯ. Директори генералӣ ба «таъсири амиқ», ки «набудани ҳамкории иҷтимоӣ бо сабаби пандемия» ба равон асар мекунад, таваҷҷуҳ намуд.

Роҳбари СУТ хотиррасон кард, ки солимии равонӣ то пандемия ҳам «масъалаи фаромӯшшуда дар тандурустии ҷаҳонӣ» буд. Ба гуфтаи номбурда, «тақрибан як миллиард одамон гирифтори бемориҳои рӯҳӣ мебошанд, ҳар сол се миллион одам бар асари истифодаи зарарноки машрубот мефавтад ва сари ҳар 40 сония як нафар дар ҷаҳон худкушӣ мекунад». Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба ин масъалаҳо, СУТ форуми байналмилалии онлайнро барои дастгирии хадамоти марбута, 10 октябр, дар Рӯзи ҷаҳонии солимии рӯҳӣ ба нақша гирифтааст.

Тедрос Аданом Гебрейесус ба афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар баъзе кишварҳо ишора ва зикр кард, ки манбаъҳои нави хуруҷ аксар вақт бо ҷойҳои таҷаммӯи одамон вобаста мебошанд. Ин ҷо сухан дар бораи варзишгоҳҳо ва клубҳои шабона меравад. Тавре директори генералӣ шарҳ дод, «ҳар кишвар ва ҷамоат худаш тасмим мегирад, ки бехатарии чунин чорабиниҳо бо дарназардошти хатарҳои мавҷуд, чӣ тавр таъмин карда шавад”.

Хуруҷи бемории вобаста ба коронавируси нав охири соли 2019 дар Чини Марказӣ ба қайд гирифта шуда, ба аксари кишварҳо паҳн гардид ва СУТ 11 март онро ҳамчун пандемия эътироф кард.

ДАР АКС: Тедрос Аданом Гебрейесус. АКСИ: © EPA-EFE/FABRICE COFFRINI

Август 28, 2020 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон