Сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар Бадахшон идома дорад
ХОРУҒ, 05.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим сафари навбатии кориро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз боздиди як зумра иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Дарвоз оғоз кард.
Ноҳияи Дарвоз дар замони соҳибистиқлолӣ симои зоҳирии худро комилан дигар намуда, ба тадриҷ ба дарвозаи тиллоии Бадахшон мубаддал мегардад. Бо таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳияи вилоят ва фазои орому осоиштаю сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама деҳоту дуру наздики ин ноҳия ба таври бесобиқа рушд карда, марҳилаи ободонию созандагӣ авҷи тоза пайдо кардааст.
Маркази ноҳия-шаҳраки Қалъаихумб бо қомат афрохтани иншооти баландошёна, боғу гулгаштҳои сабзу хуррам, марказҳои муосири хизматрасонӣ таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони ватанию хориҷиро ҳарчӣ бештар ба худ ҷалб менамояд. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ин ноҳия сохтмони меҳмонхонаи панҷситора дар муҳлати панҷ моҳ дар мавзеи хушбоду ҳавои Истироҳатгоҳи «Чорчаман» қомат афрохт. Меҳмонхона бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, дар остонаи ҷашнҳои дар пеш истода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо шароити ин меҳмонхона шинос гардида, ба ҳунари пурэъҷози меъморону муҳандисон ва бинокорон баҳои баланд дод. Меҳмонхона дорои 25 ҷойи хоб буда, ҳамаи роҳравҳои бино бо санги мармари корхонаҳои ватанӣ оро дода шудаанд, ки дилу дидаи ҳар мусофирро тасхир мекунанд. Ба гуфтаи бинокорон, ин меҳмонхона дар домани кӯҳ сохта шуда, бо сабаби набудани роҳи мошингард кулли корҳои сохтмонӣ дастӣ анҷом дода шуданд. Дар ошёнаи чаҳоруми бино барои истироҳату фароғати меҳмонон майдончаи тамошо бунёд ёфтааст, ки меҳмонон пас аз сайру гашт аз ин баландӣ манзараҳои дилкашро тамошо карда, рӯҳу равони худро таскин мебахшанд.
Ҳадафи чаҳоруми Ҳукумати мамлакат-саноатикунонии босуръати мамлакат низ аз мадди назари соҳибкорони созандаи ноҳияи Дарвоз дур намонд. Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бунёди «Парки инноватсионӣ», ки дорои корхонаҳои саноатӣ ва гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти тару тоза аст, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо истифода аз технологияи пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон соҳибкорон мақсад доранд, ки силсилакорхонаҳои муосирро дар рўзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Имрўзҳо корҳои васлу насби таҷҳизот ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди иншооти ҷашнӣ бо суръат идома ёфта, ба гуфтаи бинокорон, дар муҳлати 10 рўз ҳамаи корхонаҳо барои фаъолият пурра омода мешаванд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси вилоят Ёдгор Файзов аз бунёди корхонаҳои саноатӣ дидан карда, мутахассисонро даъват карданд, ки ба сифати корҳои васлу насб аҳамияти хос зоҳир кунанд. Яке аз ин коргоҳҳо, ки «Помир Аква» ном дорад, дар як сол то 30 тонна об барои содирот омода менамояд. Дар коргоҳи дигари Парки инноватсионии Дарвоз коркард ва тавлиди асалро ба роҳ мемонанд.
Ба муовини Сарвазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар ин бахши коргоҳ чор номгўй маҳсулоти худӣ дар зарфҳои махсус барои содирот бо бренди кўҳистон омода гардида, ба кишварҳои дуру наздик содирот мешаванд. Ҳамаи хатҳои технологӣ аз таҷҳизоти италиявӣ иборат буда, бо низоми худкор фаъолият менамоянд. Иқтидори ин коргоҳ, ба гуфтаи масъулини соҳа, 1,5 ҳазор тонна асал дар як сол аст. Ҳоло бо 300 нафар занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз шартнома баста шудааст, ки маҳсулоти онҳо рӯзҳои наздик харидорӣ шуда, баъди коркард ба харидорон пешниҳод мешаванд.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз коргоҳҳои истеҳсоли ниқоб, маводи антисептикӣ ва тавлиди сўзандору низ боздид ба амал овард. Дар ин коргоҳ истеҳсоли 12 намуди маҳсулоти антисептикиро ба роҳ меандозанд. Дар шафати ин бино бо технологияи чинӣ ва туркӣ ду гармхонаи калон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёд мешаванд. Зикр шуд, ки барои бунёди як гармхона 150 ҳазор доллар сарф шуда, ба гуфтаи мутахассисон баъди ба кор андохтани ин гармхонаҳо маблағи сарфшуда давоми як сол пурра бармегардад. Аз як гармхона то 300 тонна помидору бодиринг ба даст овардан мумкин аст.
Дар бунёди корхонаи коркарди об, асал, тавлиди маводи антисептикӣ, оинаи тиббӣ ва сўзандорую ниқоб беш аз 200 нафар бинокорон ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд. Ҳайати гурўҳи кории Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорони ватандӯст дар амалӣ кардани иқдомҳои давлату ҳукумат дар самти саноаиткунонии босуръати ҷумҳурӣ, ки ҳадафи чоруми стратегии давлат дониста мешавад, баҳои баланд доданд.
Яке аз дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад, ин корхонаи коркарди хокаи санги мармари деҳаи Вишхарвак ба шумор меравад. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин корхона аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ба хокаи истеҳсолкардаи ин корхона дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Ўзбекистон низ ниёз дорад. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардан он эҳтиёҷоти ҳарду кишварро бароварда месозад. Иқтидори истеҳсолии корхона 100 ҳазор тонна микро калсит дар як сол буда, барои содирот ба ҳар кишвари дилхоҳ кофӣ мебошад. Баъди мавриди истифода қарор додани корхонаи коркарди санги мармар боз 30 нафар ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
То таҷлили ҷашни муқаддаси Ватан- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бояд 97 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. То ба имрўз 57 фоизи ин нақша дар амал татбиқ гардидааст.
Зимни сафари корӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят низ боздид ба амал овард.