САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои коршинос доир ба ин мавзӯъ

Август 18, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон  Рӯзи кормандони тиб таҷлил мегардад. Дар ин робита оид ба  ҳифзи сиҳатии мардум, расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба модару кӯдак, ворид намудани раванди тибби оилавӣ, фаъолияти фармасевтӣ, густариш додани соҳаи ҷарроҳӣ, таъмини шаҳрвандон  бо муассисаҳои тиббӣ, рушди тибби хусусӣ, ки аз  самтҳои афзалиятноки амнияти тандурустӣ маҳсуб мешаванд, хабарнигори АМИТ  «Ховар»  бо муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ХУДОЙДОДОВА ҳамсуҳбат гардид.Номбурда дар мавзӯъи мавриди назар чунин ибрози андеша намуд:

— Дар шароити муосир яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат, ки аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” бармеояд, рушди сифатноки кумаки аввалини тиббию санитарӣ буда, он  ба  тибби оилавӣ асос ёфтааст. Фаъолияти тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ аз солҳои 1998 ба роҳ монда шуда, нисбат ба фаъолияти дигар соҳаҳои тандурустӣ бартарӣ дорад. Зеро, пеш аз ҳама, ин ба он вобаста мебошад, ки як табиб метавонад дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб кумаки тиббӣ расонад, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, ки дар он ҷо мутахассиси ин ё он соҳаи тиб намерасад. Дар ин самт вазифаи асосии тибби оилавӣ- ин огоҳ намудани аҳолӣ аз паҳн гардидани бемориҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии он, ҳифзи аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад. Таҷрибаи мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси нави “COVID-19” имсол нишон дод, ки то кадом дараҷа тибби оилавӣ барои шароити давлати мо зарур мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар   мамлакат   «Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» амалӣ  гардид. Асоси тибби оилавиро табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ ташкил медиҳад. Раванди тибби оилавиро  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби оилавӣ” ба танзим медаровард. Соли 2017 бо қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни ҶТ “Дар бораи тибби оилавӣ” аз амал боз дошта шуд. Зеро ҳамаи он талаботе, ки оид ба раванди тибби оилавӣ дар қонуни мазкур дарҷ гардида буд, дар боби 11–уми Кодекси тандурустии ҶТ оварда шудааст.

Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ раванди тибби оилавӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, аммо дар ин самт норасоии духтурон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб вуҷуд дорад. Баъди ворид намудани раванди  мазкур  дар мамлакат сатҳи расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ рушд менамояд. Ҳамзамон як зумра  нишондиҳандаҳои демографӣ, аз ҷумла сатҳи фавти модару кӯдак, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ паст гардида истодааст.

Тибқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” навсозии объектҳои тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок  маҳсуб шуда, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ давра ба давра навсозӣ ва бо технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Дар стратегияи мазкур омадааст, ки дар марҳилаи якум бояд заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустии пойтахт, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, дар марҳилаи дуюм муассисаҳои тандурустии сатҳи вилоятӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба ташхиси томографияи компютерӣ, офталмодиагностикаи компютерӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои реаниматсионӣ барои тифлони навзод ва ғайраҳо, дар марҳилаи сеюм беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ беҳтар гардонида шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ҳамаи сохторҳои байналмилалӣ  ҳамкории судманд ба роҳ монад. Яке аз чунин сохторҳо Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо дастгирии он дар самтҳои мухталифи рушд-энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ  ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар ҳар гӯшаи мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Айни замон бо дастгирии ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди  сармоягузории давлатӣ  дар соҳаҳои  гуногун  татбиқ  гардида истодаанд.

Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» мисоли хубест оид ба  ин ҳамкорӣ, ки дар беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти кумаки аввалини тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот кумак мерасонад. Он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 33 миллион  доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалини тиббию санитарӣ нигаронида шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур 37 маркази нави саломатии деҳот дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкошим бунёд шуда истодаанд. Зиёда аз 10 ҳазор кормандони тиб омӯзонида шуданд, аз ҷумла оид ба масъалаҳои нигоҳубини самарабахши модарон, кӯдакон ва калонсолоне, ки фишори баланд доранд. Ҳиссаи занҳои ҳомиладоре, ки духтури табобатӣ мунтазам ба онҳо ҳангоми обистан будан  кумаки тиббӣ мерасонид ва он раванди ҳомиладорӣ ва таваллудро нисбатан бехатар мекунад, дар ноҳияҳои лоиҳавӣ тақрибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Сифати кумаки тиббии дар муассисаҳои лоиҳа расонида ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 фоиз дар марказҳои саломатии деҳот ва зиёда аз 30 фоиз дар бунгоҳҳои саломатӣ беҳтар гардид. Дар маҷмӯъ, зиёда аз як миллион нафар ё 14 фоизи аҳолии Тоҷикистон, бахусус занҳо ва кӯдакон аз фаъолияти лоиҳа манфиат бардоштанд.

Яке аз самтҳои  афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ки аз рӯи он  сатҳу сифати хизматрасонии тиббии ватанӣ муайян мегардад, ин густариши соҳаи ҷарроҳӣ мебошад. Соҳаи ҷарроҳӣ яке аз нишондодҳои асосии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат  маҳсуб меёбад. Зеро агар баҳодиҳӣ барои табобати дигар гурӯҳи бемориҳо нисбӣ бошад, мардум ба хизматрасонии тиббие, ки тавассути ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад,  бевосита баҳо медиҳад. Барои он, ки табобати ҷарроҳӣ дар лаҳзаҳои аввал ҳам натиҷа медиҳад ва ҳам сатҳи хизматрасониро муайян мекунад. Мутаассифона, бештари шаҳрвандони мамлакат барои ҷарроҳӣ ба мамлакатҳои хориҷа сафар менамоянд, зеро имрӯз соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ба он сатҳе нарасидааст, ки ҳама намуд амалиёти ҷарроҳиро дар дохил анҷом бидиҳем. Ин он маъноеро надорад, ки иқтидори тавоноии табибони ҷарроҳи ватанӣ бесифат аст, балки сабаб  он аст, ки барои анҷом додани якчанд амалиёти ҷарроҳӣ, ба монанди ҷарроҳии бемориҳои вазнини дарғоти дил, иваз намудани  клапанҳои дил, роҳҳои маҷроҳои хунгарди дил, ҷарроҳиҳои дил барои кӯдакони навзод, бемориҳои ҳароммағз, сутунмуҳра ва баъзе амалиёти ҷарроҳии дигар аз нигоҳи технологӣ дар мамлакат як андоза мушкилот мавҷуданд, бо ин сабаб шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо ба хориҷи мамлакат сафар мекунанд. Барои бартараф намудани ин камбудӣ,  масъулини соҳаро  зарур меояд, ки бо дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ аз он технологияи муосири тиббие, ки дар ҷаҳон арзиши гарон доранд, харидорӣ намояд, ё ин ки якҷоя бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ мувофиқи шартнома дастгоҳҳои замонавии ҷарроҳиро истеҳсол намояд.

Солҳои охир  рушди соҳаи ҷарроҳӣ дар  Тоҷикистон  мушоҳида мегардад. Ҳатто чунин ҳолатҳоро низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои аз амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ гузаштан ба Тоҷикистон омада истодаанд. Эътимод дар дараҷаи баланди хизматрасонӣ, касбияти мутахассис ва дастрас будани нархи ҷарроҳӣ мебошад. Бояд гуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ бештар бо мақсади пайвандсозии узвҳо ба табибони тоҷик муроҷиат менамоянд. Чунончи, табибони тоҷик тавонистанд дар кӯтоҳтарин марҳила гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии узвҳоро аз худ кунанд ва арзандаи касби хеш гарданд.

Бо мақсади дастрас гардонидани хизматрасониҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони мамлакат ҳанӯз соли 2010 маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон»  таъсис дода шуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани чунин як маркази ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ  имкон ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандони мамлакат бо харҷи камтари маблағ дар ватани худ амалиёти пайвандсозии узвҳоро гузаранд.

Ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Тибқи маълумоти ҳисоботии Вазорати тандурустӣ, то охири соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти  пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.

Солҳои охир мушоҳида намудан мумкин аст, ки  дар масъалаи татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаи хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои низоми тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютерикунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мунтазам роҳбарияти давлат ба рушди маблағгузории соҳаи тандурустӣ диққати хосса дода, давра ба давра онро зиёд менамояд. Дар ин муддат буҷети соҳаи тандурустӣ 25 маротиба афзоиш ёфта, музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ зиёда аз 19 маротиба баланд карда шудааст. Ҳамзамон пардохти саривақтии музди маош, кумакҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо таҳти назорати қатъии Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қарздории пардохти ин маблағҳо, ҳамзамон беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шуда истодаанд.

Тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ, соли 2019 чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конфронси байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо ВНМО, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20 – солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ ва Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” (Саммит – 9)” гузаронида шуданд.

Марҳилаи солҳои 2010–2019–ро ҳамчун солҳои бобарору пурмаҳсули соҳаи тандурустӣ ҳисобидан мумкин аст, чунки  давоми ин солҳо як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омаданд.

Дар маҷмӯъ, дастовард ва навгониҳое, ки айни замон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, худ далели раднопазири онанд, ки соҳаи мазкур дар мамлакат рӯ ба рушд аст.

Август 18, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент