Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба 26 оилаи Тоҷикобод маводи сохтмонӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 оилае, ки манзили зисташон бар асари заминларзаи 4 август дар ноҳияи Тоҷикобод рухдода қисман зарар дида буд, тавассути техникаҳои Кумита маводи сохтмонӣ кумак намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Кумаки мазкур, ки аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металлӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд, бо иштироки аъзои комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида тақсим гардид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ гурӯҳи корӣ ташкил намудааст, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник Ҷамшед Камолов сарварӣ менамояд.
Ҳамчунин бо мақсади иҷрои дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод» аз 5 августи соли 2020 ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷоти эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






