Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба 26 оилаи Тоҷикобод маводи сохтмонӣ кумак намуд

Август 27, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 27.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 оилае, ки  манзили зисташон бар асари заминларзаи 4 август дар ноҳияи Тоҷикобод рухдода қисман зарар дида буд, тавассути техникаҳои Кумита маводи сохтмонӣ кумак намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумаки мазкур, ки  аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металлӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд, бо иштироки аъзои комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида тақсим гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ гурӯҳи корӣ ташкил намудааст, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник Ҷамшед Камолов сарварӣ менамояд.

Ҳамчунин бо  мақсади иҷрои дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод» аз 5 августи соли 2020 ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷоти эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷудо карда шуд.

Август 27, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб