Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар доир ба равобити дӯстонаву фарҳангӣ табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Ҷамияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ хабабр доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, С. Хайруллоев доир ба таърих, фаъолият ва вазифаҳои ҷамъият, аз ҷумла Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун таҳкимбахши дӯстии халқҳо ва равобити фарҳангии байни онҳо, ташвиқгари сиёсати хориҷиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, таъмини пешрафти фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он амалкунанда, қавитар гардонидани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳои давлатҳои хориҷии мустақар дар пойтахти Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, инчунин бо сафоратҳои Тоҷикистон дар давлатҳои гуногун, бо марказҳои фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ ва ғайра анҷом медиҳад.
Зикр шуд, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо бо ҷалби доираҳои васеи қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва таҳсилоти олӣ, анҷуманҳои ҳамрадифи худ –зимни дигар ҳадафҳо – бештар дипломатияи мардумиро ривоҷ медиҳад.
«Дар чорабиниҳои мо иштирок кардани сафирон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ифодагари эҳтироми онҳо нисбати фаъолияти бисёрҷонибаи мост», – тазаккур дод С. Хайруллоев.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба аз қадим дар қораи Осиё ба ҳам хеле наздик зистани аҳолии ду кишвар, умумиятҳои диниву мазҳабӣ, шабеҳият доштани урфу одат, анъанаву расму ойини онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Имран Ҳайдар қайд кард, ки ҳангоми тамошои экспонатҳои Осорхонаи археологии Институти таърихи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чунин қаробат бештар мутмаъин гашт.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки таърихи робитаҳои дӯстона ва иқтисодии байни Тоҷикистону Покистони аз даврони хеле қадим маншаъ гирифта, даҳсолаҳои охир муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамвора робитаҳои фарҳангӣ хеле густариш ёфтанд. Доир ба мавзӯи робитаҳои илмиву адабӣ таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо иштироки олимони иқболшиноси ҳарду ҷониб ва дӯстдорони ашъори аллома Муҳаммад Иқбол баргузор кардани конфронсҳои байналмилаливу маҳфилҳои адабӣ анъана гаштааст. Ҳамчунин ҳамкорӣ миёни устодони сухан Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмади Файз рамзи барҷастаи дӯстӣ ва ҳамҷавории неку созандаи халқҳои Тоҷикистону Покистон тарзёбӣ гардид.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон?
Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегнирифт…,
-мехонем дар достони машҳури Мирзо Турсунзода “Ҷони ширин”, ки шоир барои ин асар соли 1963 барандаи Ҷоизаи давлшатии ба номи Рӯдакӣ, барои силсилаи шеърҳои “Садои Осиё”, ки баъди сафари Покистон эҷод карда буд, соли 1960 барандаи Ҷоизаи Ленинӣ (баландтарин мукофот дар замони шӯравӣ) гардида буд.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар оид ба ривоҷи бештари муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сайёҳиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки Сафорат омода аст бо ҶДРФТ ҳамкории бештарро роҳандозӣ намуда, иқдомҳои созанда ва мутақобилан судмандро дастгирӣ хоҳад кард.
Дипломати покистонӣ дар рафти суҳбат пешниҳод намуд, ки барои рушди муносибатҳои ҳам дӯстиву ҳам фарҳангӣ якҷоя баргузор кардани фестивалҳои ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ниҳодҳои ҷамъиятҳои алоҳидаи дӯстӣ мебошанд, хеле нишонрас хоҳанд буд.
Сайдулло Хайруллоев аз ҷараёни вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳар сафире барои беҳбудии муносибатҳои мардумони ду давлат саҳми назаррас мегузорад, назди давлату халқаш хидмати бузургеро анҷом медиҳад. Умедворам, ки саҳми Шумо дар рушди муносиботи дуҷониба назаррас хоҳад буд.










Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» нашр гардид
Дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти Аҳмади Дониш конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Мероси маънавӣ ва маърифатӣ дар Осиёи Марказӣ» иштирок намуд
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-адабӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 14 ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
13 НОЯБР-РӮЗИ ТАЪСИСИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ШАҲНАВОЗ». Ин шабакаи мусиқӣ дар рушди фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид
Сокинони ноҳияи Восеъ соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони ноҳияи Ёвон тақдим гардид
Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад






